18:16:24 12-уми Августи 2025 сол

Тоҷикистон ба маблағи 28,3 миллион доллар маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ содирот намудааст

Тоҷикистон дар шашмоҳаи якуми соли равон ба хориҷи мамлакат дар ҳаҷми 28,3 миллион доллар маҳсулоти асосии саноати хӯрокворӣ содирот намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 1 миллион доллар ё 103,7 фоиз зиёд мебошад.

3 sherali kabir 658745521Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир 6 август дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон итиилоъ дод, ки маҳсулоти хӯрокворӣ асосан ба давлатҳои Русия, Қазоқистон, Олмон, Чин, Туркия, Узбекистон ва Гурҷистон содирот гардидааст.

Аз ҷумла, дар ин давра 45,1 ҳазор тонна меваи хушк, 16,2 ҳазор тонна нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 200,0 тонна боқимондаҳои саноати хӯрокворӣ, 185 тонна намак, 1,7 ҳазор тонна консерваҳои меваю сабзавотӣ, 140 тонна маҳсулоти қаннодӣ, 496 тона желатин ва 1,3 ҳазор тонна орди гандумӣ ба хориҷи мамлакат содирот карда шудааст.

Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854