18:18:59 12-уми Августи 2025 сол

Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Австрия ва Созмони байналмилалии муҳоҷират баррасӣ шуд

5 август дар шаҳри Авазаи Туркманистон дар ҳошияи Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ (LLDC3) мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо котиби давлатии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия Йозеф Шеллҳорн баргузор гардид.

1 tajikistan avstraliya 1226555445Зимни вохӯрӣ масъалаҳои афзалиятноки рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла густариши минбаъдаи ҳамкории сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо рағбати худро барои идомаи ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн таъкид доштанд.

Ҳамчунин дар доираи конфронс Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбари Дафтари минтақавии Созмони байналмилалии муҳоҷират барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ Артур Эркен вохӯрӣ намуд.

Зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифт.

АМИТ «Ховар»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854