16:27:36 12-уми Июни 2025 сол

Вохӯрӣ бо роҳбари лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо роҳбари лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаноби Штефан Зиверт мулоқот доир намуд.

1 loihai ittihodi aurupo 12548754Ҷонибҳо аз ҳамкориҳои муштарак дар доираи лоиҳаи «Кумаки техникӣ ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Барномаи дастгирии буҷет, ки бо мақсади таъмини таҳсилоти босифат, шуғли пурмаҳсул ва рушди захираҳои инсонӣ дар кишвар аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо самаранок татбиқ шуда истодаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо оид ба корҳои анҷомдодашуда, аз ҷумла, таъмир ва муҷаҳҳаз гардонидани якчанд филиалҳои МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир”, рақамикунонии раванди таълим, таҳияи стандартҳои салоҳияти касбӣ, таҳияи Низоми иттилооти идоракунии маориф дар литсейҳои касбӣ ва филиалҳои МД “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир” (таълими калонсолон), гузаронидани пурсиш оид ба меҳнати кӯдак, инчунин таъсиси Кумитаҳои соҳавӣ дар бахшҳои сохтмон ва нассоҷӣ, ки мақоми мусоидаткунандаи машваратӣ дар соҳаи рушди малакаҳои соҳавӣ дар таҳсилоти касбии техникӣ ва рушди қувваи корӣ ва захираҳои инсонӣ ба ҳисоб мераванд, ибрози назар карданд.

Дар мулоқот самтҳои нави ҳамкории муштарак муайян ва муаррифӣ шуда, ҷонибҳо барои расидан ба ҳадафҳои дар доираи лоиҳаҳои мазкур пешбинишуда, умедворӣ намуданд.

www.mehnat.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854