04:49:41 02-уми Июли 2025 сол

Мулоқоти Раиси Кумита бо роҳбарияти ширкати Air Dynamics Solutions

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо директори генералӣ ва раиси Шӯрои директорони ширкати Air Dynamics Solutions – ширкати бонуфузи байналмилалӣ дар соҳаи технологияҳои ҳавопаймоӣ, мулоқоти корӣ анҷом дод.

6 muloqoti raisi kumita 54458745512Дар мулоқот имкониятҳои мавҷудаи сармоягузорӣ ва имтиёзҳои фароҳамшуда барои сармоягузорони хориҷӣ баррасӣ гардиданд. Раиси Кумита таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини муҳити устувори иқтисодӣ ва дастгирии сармоягузорони хориҷӣ як қатор ташаббусҳо ва ислоҳотро роҳандозӣ намудааст.

Роҳбарияти Air Dynamics Solutions таваҷҷуҳи худро нисбат ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон баён дошта, эҳтимоли ташкили корхонаҳои муштарак, интиқоли технология ва рушди иқтидори маҳаллиро баррасӣ намуданд.

Ин мулоқот иқдоми муҳим дар самти ҷалби сармоягузории босифат ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

www.investcom.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ