Вохӯрӣ бо Валиаҳди Давлати Кувайт
16 апрели соли 2025 дар шаҳри Ал-Кувайт дар ҳошияи Нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шурои ҳамкории давлатҳои арабии Халиҷи Форс Валиаҳди Давлати Кувайт Шайх Сабоҳ Холид ал-Аҳмад ас-Сабоҳ муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳури Тоҷикистон Исматулло Насрединро ба ҳузур пазируфт.
Зимни пазироӣ роҳбари ҳайати кишвар дуруду паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳбарияти олии Давлати Кувайт расонид.