Мулоқот бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Кувайт
17 апрели соли 2025 мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Шайх Ҷарроҳ Ҷобир ал-Аҳмад ас-Сабоҳ доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ намуда, ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид карданд.
Тарафҳо зарурати таҳкими ҳамкориро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ қайд намуда, омодагии худро барои густариши минбаъдаи ҳамкории бисёрҷониба изҳор карданд.