07:28:07 19-уми Апрели 2025 сол

Сафари ҳайати Федератсияи Русия ба Тоҷикистон ва боздид аз маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара

9 уми апрели соли 2025 ҳайати Федератсияи Русия таҳти роҳбарии муовини роҳбари Хадамоти Федералии меҳнат ва шуғл Василев Денис Александрович бо мақсади баррасии масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, шинос шудан бо имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омода намудани мутахассисон барои фаъолияти меҳнатӣ бурун аз ҳудуди ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

3 safari hayati rusia 42112458787Ба ҳайати мазкур намояндагони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Федератсияи Русия, Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Федерасияи Русия ва як қатор корхонаву ташкилотҳо (корфармо) шомил мебошанд.

Ҳайати меҳмононро Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуда, рӯзи 9 апрели соли ҷорӣ ҷиҳати шинос шудан ба рафти омодагии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кор дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Федератсияи Русия боздиди меҳмонон аз Маркази рушди малакаҳо дар ноҳияи Данғара ташкил карда шуд. Зимни боздид аз марказ ҳайати мазкур бо муассиса, ки аз бинои таълимӣ-маъмурӣ, хобгоҳ, устохонаҳои таълимӣ-истеҳсолӣ, биноҳои ёрирасон ва майдончаи варзишӣ иборат аст, шинос шуда, аз ҷараёни машғулиятҳо дар курсҳои касбомӯзӣ ва забономӯзӣ дидан карданд.

Дар рӯнамо оид ба фаъолияти маркази мазкур қайд гардид, ки соли гузашта чор ҳамин гуна маркази наву замонавӣ бо мақсади омода намудани мутахассисон тибқи талаботи бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар ба истифода дода шуданд, ки дар баробари касбомӯзонӣ, инчунин омӯзиши забонҳои хориҷӣ низ ба роҳ монда шудааст. Ҳайати меҳмонон зимни боздид аз марказ оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуда, омодагии худро барои ҳамкориҳои минбаъда иброз доштанд.

www.mehnat.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ