07:20:02 19-уми Апрели 2025 сол

Натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Hоштқалъа дар семоҳаи якум ҷамъбаст гардид

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифа Худобахш дар ҷаласаи ҷамбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳияи Роштқалъа дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба таври маҷозӣ иштирок намуд.

2 sharifa khudobakhsh 45125454Тибқи рӯзнома, нахуст ҳисобот оид натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар ин давра ироа гардид.

Дар идома аз ҷониби роҳбарияти Вазорат, ки тибқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №188 «Оид ба корҳои ободонию созандагӣ ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати энергетика ва захираҳои об ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вобаста гардидааст, ҷиҳати иҷрои Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Роштқалъа барои солҳои 2021-2025 ва тақвият додани корҳои омодагӣ ва ободию бунёдкорӣ барои истиқболи Ҷашни Ваҳдати миллӣ дастурҳои мушаххас дода шуд.

Зикр гашт, ки соли 2025 дар ноҳияи Роштқалъа ба истифодадиҳии НБО «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт дар назар аст, ки пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншооти соҳаи энергетика сатҳи зиндагии сокинони ноҳия боз ҳам беҳтар мегардад.

www.mewr.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ