07:04:13 31-уми Июли 2025 сол

Вохӯрии Президенти Туркманистон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

27 марти соли 2025 Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро, ки дар шаҳри Ашқобод бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии 20-уми вазирони “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” қарор дошт, ба ҳузур пазируфт.

3 vokhurii vaziri tj 4554845С. Муҳриддин паёми самимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон расонид.

Зимни мулоқот ҳамсӯҳбатон доираи васеи масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Туркманистонро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, саноат ва энергетика баррасӣ карда, аз сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар зимн омодагӣ барои идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ тасдиқ карда шуд.

mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ