18:17:43 01-уми Июни 2025 сол

Иштирок дар 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо

27 марти солм 2025 дар шаҳри Ашқобод вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо иштирок ва суханронӣ намуд.

2 ishtirok dar 20 55485542Зимни нишаст иштирокчиён масоили мубрами рӯзномаи байниминтақавӣ, инчунин ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказиро бо Иттиҳоди Аврупо батафсил баррасӣ карданд. Роҳбарони ҳайатҳо аз ҷумла пешниҳодоти худро дар хусуси густариши баъдии робитаҳои байниминтақавӣ дар самтҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, иттисоли нақлиётӣ, рақамикунонӣ, маорифу фарҳанг, амният ва ҳифзи муҳити зист манзур намуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба тадорукот ба нахустин ҳамоиши дарпешистодаи сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Самарқанд зоҳир гардид.

Дар ҳошияи ин чорабинӣ, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов вазиронро ба ҳузур пазируфт.

mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854