07:01:42 31-уми Июли 2025 сол

Мулоқот бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ

27 марти соли 2025 дар ҳошияи 20-умин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо дар Ашхобод мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ, ноиби президенти Комиссияи Аврупо Кая Каллас барпо гардид.

1 vaziri khorija tj 45548745Аснои вохӯри мусоҳибон ба сатҳи феълии шарикии гуногунпаҳлӯ ва муассири Душанбе ва Брюссел баҳои баланд дода, мавзӯоти зиёди мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла ҳамкорӣ дар амри тавлиди нерӯи сабз, вусъати долонҳои устувори нақлиётӣ, пешбурди иттисоли рақамӣ, такмили соҳаҳои кишоварзӣ ва маориф, ҳамчунин масоили амниятӣ ва мусоидат дар таҳкими марзҳо баррасӣ гардиданд. Шарикӣ дар бобати муқовимат ба чолишу таҳдидҳои мавҷуда ва дурнамои татбиқи муштараки тарҳҳои мушаххас дар самти энергетика як бахши муҳимми муҳокимаҳои ин гуфтушунидро ташкил дод.

mfa.tj

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ