09:53:30 15-уми Июни 2025 сол

Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» доир мешавад

Аз 24 то 26 октябри соли равон дар муҷтамаи «Манеж»-и шаҳри Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2024» доир мегардад.

namoish tojikiston 4585412Намоишгоҳ аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, дар он ширкатҳои бонуфузи ватаниву хориҷӣ аз Тоҷикистон, Русия, Узбекистон, Туркманистон, Корея, Чин, Покистон ва Эрон маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд.

Дар намоишгоҳ маҳсулот ва намудҳои гуногуни хизматрасонии беҳтарин ширкатҳои ватанӣ, ки ҳам дар бозори дохилӣ ва ҳам дар хориҷи мамлакат маъруф мебошанд, муаррифӣ мегарданд.

Баргузории намоишгоҳ ба густариши минтақавии фаъолияти иқтисодии ширкатҳои иштироккунанда ва пешбурди маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ равона шудааст.

Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратӣ имконият доранд, ки шарикони нав пайдо созанд. Ҳамзамон сокинон метавонанд аз ин намоишгоҳ молҳои истеъмолии ҷумҳуриро бо нархҳои мувофиқ дастрас намоянд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854