06:33:57 24-уми Июни 2025 сол

Намояндаи Конгресс дар бораи хуруҷи ИМА аз НАТО ва қатъи кӯмак ба Украина ислоҳот ворид кард

Вакили конгресс Марҷорӣ Тейлор Грин лоиҳаи қонуни буҷаи мудофиаи соли 2024-ро бо мақсади хуруҷи Иёлоти Муттаҳида аз НАТО ва қатъи кӯмак ба Украина ислоҳ кард. Дар ин бора ӯ дар Твиттер хабар дод.

kongresswomen_5454125454.jpg"Имрӯз ман шаш ислоҳот ворид кардам, ки фиристодани ҳамагуна маблағгузорӣ, силоҳ, муҳимот ва дигар манобеъ ба Украина то расидан ба ҳалли дипломатӣ мамнӯъ хоҳад буд" гуфт конгрессмен.

Яке аз ислоҳот ҳамчунин раисиҷумҳури ИМА Ҷо Байденро ба иҷрои амалҳое, ки мумкин аст барои хуруҷи ИМА аз НАТО зарур бошад, дастур додааст.

Грин ҳамчунин ташаббуси манъи интиқоли ҳавопаймоҳои ҷангии насли чаҳоруми F-16 ва мушакҳои дурпарвоз ба Украинаро эълон кард.

Қаблан ин конгресс паёмадҳои ирсоли бомбаҳои кассетӣ ба Украинаро барои ИМА пешгӯӣ карда буд. Ба назари ӯ, ин барои давлати Амрико поёни бадӣ хоҳад дошт.

Лента.ру

Назари Шумо

Security code
навсозӣ