Раиси Иттиҳодияи Аврупо интизор дорад, ки Чин барои ҳалли низоъ дар Украина иқдом кунад
Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо рӯзи сешанбеи 4 апрел дар мусоҳиба бо рӯзномаи «Financial Times» аз Ҷумҳурии Мардумии Чин даъват кард, ки нақши худро дар ҳалли низоъ дар Украина иҷро кунад.
Фон дер Лейен гуфт, ки "Чин дар мавқеъи таъсиррасонӣ созанда аст ... аз ин рӯ, онҳо масъулият доранд" гуфт фон дер Лейен ва қайд кард, ки Иттиҳоди Аврупо аз муносибатҳои иттифоқчии Русия ва Чин каме "нигарон" аст.
Рӯзи 5 апрел раиси Комиссияи Аврупо бо як сафари дурӯза ба Чин меравад. Қаблан фон дер Лейен таъкид карда буд, ки мавқеи Пекин дар мавриди муноқишаи Украина омили муайянкунандаи равобити ояндаи Иттиҳодияи Аврупо ва Чин хоҳад буд.
Вазорати умури хориҷии Чин рӯзи 24 феврал тарҳи 12 бандии худ барои ҳалли бӯҳрони Украинаро нашр кард. Баъдан раиси дипломатияи Аврупо Ҷозеп Боррел гуфт, ки пешниҳодҳои Чин дар бораи Украина нақшаи сулҳ нест.
"Регнум"