16:37:26 26-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин, ки бо сафар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, бо иштироки ҳайатҳо мулоқот анҷом доданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Rustami-Emomali-i-Mihail-Mishustin-2023-2.jpgЗимни мулоқот дар атрофи масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия мубодилаи афкор сурат гирифт. Бо қаноатмандӣ иброз карда шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни ду давлат дар ҳама самтҳо бемайлон рушд меёбад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ таъкид доштанд, ки робитаҳои байнипарламентӣ шохаи муҳими муносибатҳои байнидавлатӣ ба ҳисоб рафта, мунтазам дар сатҳи сифатан нав роҳандозӣ мегарданд. Дар ин раванд фаъолияти Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия саҳми муносиби худро дар таҳкими шарикии стратегии давлатҳо мегузорад. Ҳамчунин робитаҳои парламентҳои ду давлат дар доираи Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) амалӣ мегарданд.

Дар идомаи мулоқот ҳавасмандии ҷонибҳо оид ба тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ ҳамчун унсури калидии шарикии байни ду давлат иброз гардида, ба масъалаҳои саноатикунонии босуръат, аз ҷумла густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, саноатҳои маъдан, сабук, хӯрокворӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика, комплекси агросаноатӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои иқтисоди миллӣ тавассути ҷалби сармояи мустақими русиягӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

Инчунин ҳавасмандии ҷонибҳо ба тақвияти робитаҳо байни минтақаҳо ва ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла ҳалли масъалаҳои мубрам дар ин самт таъкид гардид.

Ҷонибҳо вобаста ба таҳкими ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ, густариши робитаҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду давлат, омӯзиши забони русӣ, инчунин дигар самтҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, илм, фарҳанг ва тандурустӣ ибрози назар карданд.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ ва муқовимат ба муқобили хатару таҳдидҳои фаромиллӣ, вазъи амнияти минтақа бо таваҷҷуҳ ба вазъият дар Афғонистон, инчунин дигар масъалаҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

«Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi