03:44:11 29-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2022 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Ифтитоҳи хатсайрҳои "Аэрофлот" аз Санкт-Петербург ба Душанбе

Ширкати ҳавопаймоии “Аэрофлот”-и Русия хатсайрҳои мустақими доимиро аз Санкт-Петербург ба Душанбе боз мекунад. Парвозҳо ҳафтае ду маротиба дар ҳавопаймоҳои Boeing 737 иҷро карда мешаванд, хабар медиҳад дафтари матбуоти ширкат.

airoflot_0001221554.jpgГуфта мешавад, парвозҳо бо ин хатсайр аз рӯзи 12 март оғоз мешаванд. Гуфта мешавад, ҳавопаймоҳои ширкат ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои ҷумъа ва якшанбе бо ин хатсайр парвоз анҷом медиҳанд.

Аз ҷумла, парвоз бо хатсайри SU762 аз Санкт-Петербург соати 0:30 муқаррар шуда, соати 7:35 дақиқа ба Душанбе мерасад. Парвоз бо хатсайри SU763 аз Душанбе соати 8:55 таъин шуда, соати 12:25 дақиқа ба Санкт-Пеӣербург мерасад.

“Парвози ҳавопаймоҳои “Аэрофлот” ба пойтахти Тоҷикистон ба рушди робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ байни давлатҳо мусоидат намуда, инчунин имконот барои сайёҳиро тақвият мебахшанд”, - омадааст дар хабар.

Бо ҷадвали парвозҳо дар сомонаи ширкати ҳавопаймоӣ шинос шудан мумкин аст. Фармоиш (брон) ва харидани билет дар сомонаи “Аэрофлот”, замимаи мобилӣ, бо телефонҳои шабонарӯзи фаъоли маркази иттилотт ва фармоиш +7-495-223-5555 (Маскав), 8-800-444-5555 (занг дар Русия ройгон), тариқи USSD-фармоиш *555 (барои телефонҳои мобилӣ), дар нуқтаҳои фурӯши ширкат ва агентҳо имконпазир аст.

“Аэрофлот” бузургтарин ширкати ҳавопаймоии Русия мебошад, ки аллакай 99 сол инҷониб фаъолият дорад. Ба ҳайати Гурӯҳи ҳамном инчунин ширкатҳои ҳавопаймоии "Россия" ва "Победа" шомиланд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2021 ширкат барои анҷоми парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия иҷоза гирифта буд. Он замон ширкат бо хатсайри Душанбе-Маскав якчанд парвоз анҷом дод. Акнун парвозҳо доимӣ ба иҷро расонида мешаванд.

Asia-Plus



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi