21:43:49 01-уми Июли 2025 сол

Хадамоти Федеролии Амниятии Русия аз ҷамъоварии маълумот дар бораи амалиёти вижаи низомӣ аз ҷониби хадамоти кашфи хориҷӣ ҳушдор дод

Хадамоти Федеролии Амниятии Русия ҳушдор дод, ки хадамоти кашфи хориҷӣ ба ирсоли номаҳо барои ҷамъоварии маълумот дар бораи амалиёти вижаи низомӣ шурӯъ кардаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи ҷумъа, 10 феврал бо такя ба Маркази равобити ҷамъиятии Хадамоти Федеролии Амниятии Федератсияи Русия хабар медиҳад.

fsb_novosti_5544512455.jpg"Аз моҳи августи соли 2022 Хадамоти Федеролии Амниятии Федератсияи Русия далелҳои истифодаи хадамоти ҷосусии хориҷӣ аз хадамоти почтавии машҳури Русияро барои дарёфт ва ҷамъоварии иттилооти марбут ба рафти амалиёти вижаи низомӣ сабт мекунад".

Қайд карда мешавад, ки хадамоти ҷосусии хориҷӣ  барои расидан ба ҳадафҳои худ аз суроғаҳои почтаи электронӣ истифода мекунанд, ки номашон ба номи доменҳои мақомоти иҷроияи федералӣ монанд аст.

Қаблан хабар дода шуда буд, ки хадамоти махсуси Федератсияи Русия аз сӯиқасд ба ҷони афсари собиқи Хадамоти амнияти Украина Василий Прозоров, ки қаблан аз фаъолияти Хадамоти амнияти Украина интиқод ва фош карда буд, пешгирӣ кардаанд.

REGNUM

Назари Шумо

Security code
навсозӣ