17:57:27 01-уми Июли 2025 сол

Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон меояд

24 январ мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини Вазири корҳои хориҷии ФР Михаил Галузин баргузор гардид. Дар ин бора ба мо аз Сафорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Davlatshoh-Gulmahmadzoda-vstretilsya-s-Zamestitelem-ministra-inostrannyh-del-Rossijskoj-Federatsii-M.-YU.-GaluzinymЗимни мулоқот мусоҳибон вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон ва Русияро дар соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамчунин доир ба ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Ҳамзамон дар мулоқот масоили марбут ба сафари дарпешистодаи Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Михаил Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аввали моҳи марти соли равон дар назар аст, баррасӣ шуд.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ