19:05:06 07-уми Июни 2025 сол

Хадамоти махсуси Қирғизистон интиқоли "Байрактарҳо" ба Тоҷикистонро таъйид накардааст

Маълумоте, ки дар расонаҳо нашр шуд, ки Туркия ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои бесарнишини ҷангии Байрактарро интиқол додааст, тасдиқ нашудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, хабар дод.

5 bayraktar tajikistan 45452145Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, тибқи маълумоти дақиқи мавҷуда, ҷониби Тоҷикистон бо истеҳсолкунандаи ҳавопаймои бесарнишини «Байрактар», ширкати «Байкар Макина» ва инчунин бо дигар ширкатҳои туркӣ, ки чунин маҳсулоти ҳарбӣ истеҳсол мекунанд, шартнома набастааст, омадааст дар изҳороти КДАМ Қирғизистон.

Хадамоти махсуси Қирғизистон ҳамчунин итминон медиҳад, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Туркия, ки қаблан аз ҷониби артиши Қирғизистон харидорӣ шуда буданд, танҳо барои ҳадафҳои дифоъӣ - барои мубориза бо таҳдиди террористӣ ва ифротгароии мазҳабӣ, ки бинобар вазъи Афғонистон вуҷуд доранд, истифода хоҳанд шуд.

Regnum

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854