01:31:25 08-уми Июни 2025 сол

Швейтсария аз идеяи Олмон барои дубора содироти силоҳ ба Украинаро манъ кард

Швейтсария дархости ҳукумати Олмонро барои дубора содироти аслиҳаи вазнини харидашуда ба Украина рад кард. Дар ин бора рӯзномаи SonntagsZeitung бо такя ба изҳороти намояндаи Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод хабар додааст.

2 shwedsariya-germaniya 23235645Ба навиштаи нашрия, сухан дар бораи лавозимоти ҷангӣ аз Олмон ва Швейтсария меравад, ки дар мошинҳои ҷангии нерӯҳои пиёдагарди Олмон Marder истифода мешавад. Ҳукумати Олмон ба Швейтсария барои гирифтани иҷозатнома барои баъдан харидани лавозимоти ҷангии аз ҳукумати Украина харидашуда муроҷиат кардааст.

Гуфта мешавад, ки танҳо ду дархост ирсол шудааст. Ҳарду дархости Олмон аз ҷониби Швейтсария рад карда шуд. Намояндаи Котиботи давлатии Швейтсария оид ба иқтисод қайд кард, ки содироти дубораи аслиҳаи истеҳсоли Швейтсария ба минтақаҳои низоъ мухолифи бетарафӣ ва қонунҳои маҳаллӣ аст.

Моҳи апрел рӯзномаи Bild am Sonntag навишт, ки Украина қасд дорад 35 мошини ҷангии Marder аз ширкати олмонии Rhine Metal бихарад.

Регнум

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854