09:57:04 04-уми Июни 2025 сол

МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРӢ БО ШИРКАТИ ИСТЕҲСОЛИИ УРАЛӢ БАРРАСӣ ГАРДИДАНД

8 июли соли 2021 Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Екатеринбург Зафар Сайидзода дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии "Иннопром-2021" бо роҳбари бахши уралии Бонки "Солидарность" Ксения Красовская мулоқот кард.

111 zafar saidzoda 12124545Зимни суҳбати корӣ масъалаи имконияти роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддати мутақобилан судманди ширкатҳои марбутаи Тоҷикистон бо ҶДММ "Торговый дом Спетсэнергомодуль" баррасӣ шуд, ки дар доираи он ширкати россиягӣ метавонад ба ҳайси истеҳсолкунандаю фурӯшандаи биноҳои модулӣ барои маҷмааҳои энергетикӣ ва кӯҳӣ-металлургӣ нақше дошта бошад.

Қайд шуд, ки шарики потентсиалии Бонки "Солидарность" буда, ҶДММ "Торговый дом Спетсэнергомодуль" дар минтақаи Урал дар арсаи истеҳсоли биноҳои интиқолшавандаи блокмодулӣ имрӯз пешсаф мебошад. Зафар Сайидзода дар ин иртибот гуфт, ки дар бораи пешниҳодҳои мушаххаси ин ширкати соҳибноми уралӣ оид ба ҳамкориҳо унвонии шарикони эҳтимолии иқтисодиаш дар Тоҷикистон иттилоъ хоҳад дод.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854