20:19:54 27-уми Сентябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЁДЕ АЗ УСТОДИ ЗИНДАЁД ҶӮРАБЕК НАЗРӢ

Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,

Ин чунин гуфт хирадманд, ки андеша гумошт.

Хуррам он кас, ки бар ин дафтари пок аз ҳама ҳарф,

Рақами хайр кашиду асари хайр гузошт.

1 ustod jurabek nazri 12548Аз марги нобаҳангоми устод Ҷӯрабек Назрӣ як соли пур шуд. Марге, ки сахт нобоваркарданист. Марге, ки аз рафтани чунин шахсияти бисёр бузурги миллӣ на танҳо мо тоҷикон, балки кулли форсизабонони ҷаҳонро дилхун кардаву ба мотам шинонд. Устод Ҷӯрабек Назрӣ барҳақ дар ҳунари сарояндагӣ ва эҷоди оҳанг соҳиби мактаби хоссаи худ буд.

Имрӯз агар умр вафо мекард, доктори илм, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳо, узви Иттифоқи нависандагон, Арбоби шоистаи РСС Тоҷикистон, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунарманди соҳибмактаб устод Ҷӯрабек Назрӣ 75 - сола мешуд.

Субҳи имрӯз ҷамъе аз пайвандону дӯстону ҳамкорон, шогирдон ва ҳаводорони ҳунари волояш сари манзили охирати устоди зиндаёд, дар оромгоҳи Лучоб ҷамъ омаданд ва ба тиловате аз Қуръони Карим руҳи устоди зиндаёдро шод намуданд.

Устодон Низом Қосим, Қосимшоҳ Акбаров, Умар Хожиматов,Қурбоналӣ Раҳмонов, Беҳрӯзи Забеҳулло суханронӣ намуда, аз хислатҳои накӯ ва кордонии устод ёдовар шуданд.

Аз ҷумла устод Низом Қосим гуфт: «Ҳамчун шахсияти иҷтимои ҳам устод Ҷӯрабек Назрӣ бисёр фаъол буданд. Дар бисёр чорабиниҳои сатҳи ҷумҳурӣ, чорабиниҳои Иттифоқи нависандагон, Вазорати фарҳанг фаъолона иштирок мекарданд. Мавқеъи бисёр устувори шаҳрвандӣ доштанд. Аз ин ҷиҳат ҳамчун як шаҳрванд, ҳамчун як фарҳангдор дар хотири мо мондааст. Шахсияте буданд, ки аз изҳори назари худ, мавқеъи худ ҳаргиз истиҳола намекарданд, мисли дигарҳо масалан пинҳон намекарданд, ё ки мувофиқи ҳамон ҳолат, ҳамон лаҳза, ҳамон маҳфил сухан намекардан, балки ончи ки дар дил доштанд, он мавқеъе, ки ҳамеша пайгирӣ мекарданд, ҳамонро иброз медоштанд».

Дар охир шоир Беҳрӯзи Забеҳулло шеъри тозаэҷодкардаашро дар васфи устоди зиндаёд ба самъи ҳозирин расонд.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi