18:38:02 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЯК СОЛИ "РӮЗГОР" ВА ХОНАНДА!

Бо тавсияи дӯстон, соле қабл мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла фейсбук як саҳифа бо номи "Рӯзгор" ва саҳифаи тафреҳӣ бо номи «Ruzgor CINEMA» рӯи кор овардем. Ҳамчунин сомонаи www.ruzgor.tj низ фаъолияти назаррас дошт.

ruzgor cinema-1245455445Моҳи марти соли ҷорӣ гуруҳи "Рӯзгор" ва саҳифаи тафреҳии он бо номи "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук як сол пур шуд. Дар ин муддати як сол ҳамсафони гуруҳи мо дар "Рӯзгор" аз панҷ ҳазор ва саҳифаи тафреҳии «Ruzgor CINEMA» бошад қариб аз 15 ҳазор муштарӣ гузашт. Щукронаи Худо имрӯз дар як моҳ саҳифаи моро зиёда аз 57 ҳазор муштарӣ пайгирӣ менамояд. Ҳамаи Шумо хонандагони азизро ба яксолагии гуруҳ табрик мегӯем!

Дар давоми як соли фаъолиятамон зиёда аз ду ҳазор маводҳову наворҳое нашр кардем, ки ба ҳамагон писанд омадаву зери ҳар кадоми онҳо фикру ақидаҳову арзи сипосу миннатдории хешро баён кардаед. Мо низ дар навбати худ, аз ҳар яко-яки Шумо устодону хонандаи азиз, миннатдорем, ки тӯли як сол ҳамроҳи мову "Рӯзгор"-и худатон будед ва баҳри пешрафту боз ҳам хубтар ба роҳ мондани фаъолияти гуруҳамон дастгириву маслиҳатҳои устодонаи хешро дареғ намедоштед...

Ин ҳама заҳматҳои якҷояи мову шумо хонандаи азиз буд, ки дар як муддати кутоҳ ба ин пешравиҳо ноил гаштем. Ва умед дорем, ки дар оянда низ боз парвозҳои баланди эҷодӣ дар пеш аст.

Инчунин аз ҳама ҳамқаламони гуруҳ, аз устодону дӯстоне, ки маводҳову матлабҳояшон дар ин муддат нашр кардему бо ин хонандаи азизро каме ҳам бошад, баҳраманд гардонида бошем, бениҳоят шодем аз ин ҳамкориҳову дастгириҳои эшон миннатдорем...

Сар аз аввали фаъолияти гуруҳ кӯшидем, ки як гуруҳе ташкил кунем, ки сар то по фарҳангӣ бошад, шеъру тарона, аз қиссаҳои рӯзгор, қиссаҳои таърихӣ, панду андарзҳои рӯзгор, панди рӯз, қиссаҳои Қуръонӣ, аз рӯзгори паёмбарони Ислом... Аз мусоҳибаҳои мондагоре, ки падарамон Султони Ҳамад (Худованд раҳмату мағфират гардонад) бо зиёиёну афроди маъруфи кишвар ва хориҷ доштанд, пешкаши хонанда гардондем. Бознашри мусоҳибаҳоеро, дар гуруҳ гузоштем, ки чанд соле қабл дар ҳафтаномаи фарҳангиву иҷтимоии "Рӯзгор" нашр шуда буданд. Ҳамчунин мақолаҳову тадқиқотҳои таърихиву илмиву фарҳангии зиёде рӯи саҳфа нашр кардему боз ҳам идомаи онро рӯи даст дорем, ки Худо хоҳад, пешкаши шумо хонандаи азиз мегардонем.

Агар хонандагони гуруҳро бар чор қисм тақсим кунем, қисмати аввалашро агар маводҳову мақолаҳо дар бораи Алмоси Шарқ - Аҳмад Зоҳир ташкил мекунанд, ҳамин тавр қисмати дигарро низ хонандагони маводҳое, ки дар бораи Қаҳрамони Миллат, шери Панҷшер - Аҳмадшоҳи Масъуд дар бар гирифтааст. Қисмати саввумиро бошад, мақолаҳову тадқиқотҳои илмиву фарҳангӣ ва қисмати чаҳорумро бошад, қиссаҳову маводҳои ахлоқӣ ва шеъру таронаҳои шоирону бузургони фарҳангамон иборатанд...

Бахши дигаре, ки инҷо номбар накардем, наворҳои видеоие мебошанд, ки дар ҷашну маросимҳои як гуруҳ ихлосмандони садои нотакрори Аҳмад Зоҳир ба наворгирифта шудаанд, иборат мебошанд, ки қисми зиёди хонандаву тамошоини гуруҳро ба худ ҷалб кардааст. Аслан ин наворҳо ба ёду гиромидошти Аҳмад Зоҳир ва дӯстдорони садои ин хунёгар сабт шуда ва аз таронаҳои ҷовидонаи Алмоси Шарқ сурудаанд. Аз он чӣ ки рӯи саҳифа коштем, баҳри хонандаву тамошобини азиз, боз кори ин бахшро идома хоҳем дод, то аз дигар наворҳои мондагоре, ки дар чорабиниҳои гуногуни ин маҳфилҳо сабт шудаанду то ҳол нашр нашудаанд, пешкаши шумо ҳамсафони гуруҳ бигардонем.

Дар навбати худ аз Шумо азизони дил хоҳиш менамоем, ки барои боз ҳам беҳтару хубтар ва доираи васеъи хонандагону тамошобинонро дар бар гирад ва дӯстон битавонанд бештар аз ин маводҳои видеоӣ бархӯрдор гарданд, ба саҳифаи мо дар Ютуб бо номи «RuzgorCINEMA» https://www.youtube.com/c/RuzgorCINEMA/ обуна шуданро фаром¢ш насозанд, зеро обуна шудан ба саҳфа боварии моро боз ҳам қавитар гардонида, дар оянда боз ҳам бештару хубтар дар ин самт заҳмату кӯшиш хоҳем намуд.

Умедворем ҳамеша сарсабзу хӯрраму обод бошед!

Аҳли эҷоди "Рӯзгор"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi