17:25:14 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АҲМАД ЗОҲИР ҲАМ АЗ ҚУРБОНИЁНИ ҶАНГИ АФҒОНИСТОН АСТ

Имрӯз китоби зиндаёд Султони Ҳамад, рӯзноманигори шинохта ва муҳаққиқи осори Аҳмад Зоҳир тавассути нуричашмии ӯ- Субҳиддини гиромӣ ба дастам расид; дар маҳалли баргузории маросими ёдбуди қурбониёни фоҷеъаҳои хунини рӯзҳои ахир дар кишвари дӯст ва ҳамсояи наздики мо - Афғонистон.

suhrobi-ziya-subhiddin-sulton 1454545Аҳмад Зоҳир ҳам аз қурбониёни ҷанги Афғонистон аст, фоҷеъае ки 42 сол боз идома дорад. Ӯ дар ҳамон соле террур шуда буд,ки Афғонистон ба саҳнаи рақобати кишварҳои абарқудрати ҷаҳон табдил мешуд.

Баъд аз шаш моҳи кушта шудани Аҳмад Зоҳир Артиши Шӯравӣ вориди хоки Афғонистон шуд.... Бист сол пеш бо ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ ҳукумати Толибонро дар Афғонистон сарнагун карданд. Акнун ин гурӯҳ бо ҳимояти ҷомеъаи ҷаҳонӣ дубора мехоҳад дар қудрати сиёсӣ дар Афғонистон саҳим шавад.

Аз рақобати кишварҳои бузурги дунё дар саҳнаи сиёсии Афғонистон бештар аз ҳама мардуми бегуноҳи ин кишвар ранҷ мебаранд. Намунаи он ҳам қатли даҳҳо донишҷу дар вилояти Лугар ва 85 донишомӯзи духтар дар ғарби Кобул дар ин авохир аст.

Воқеъан хеле дардовар аст. Худованд ҳамаи қурбониёни ин ҳодисаҳои хунинро раҳмату мағфират кунад.

Бо сипос аз Субҳиддину Ҷаҳонгиру Аҳмадшоҳ, фарзандони азизи Султони Ҳамад, ки барои гиромидошти хотираи падари бузургворашон ҳамаи кори мумкинро анҷом медиҳанд. Чопи китоби “Аҳмад Зоҳир садои ишқ асту дилтангӣ” як навъ изҳори муҳаббати нуричашмҳои Султон Ҳамад нисбат ба шахсияти ин рӯзноманигори зиндаёди тоҷик аст.

Ёди накӯяш ҷовидона гиромӣ бод!    

Суҳроби Зиё

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi