08:09:06 07-уми Июни 2025 сол

"САДОИ ИШҚ АСТУ ДИЛТАНГӢ"-И СУЛТОНИ ҲАМАД НАШР ШУД

Китоби "Садои ишқ асту дилтангӣ"-и Султони Ҳамадро пас аз тақрибан ду соли даргузашташ дар Душанбе нашр карданд. Ин хабарнигор ва шореҳи шинохтаи тоҷик тобистони соли 2019 бар асари беморӣ фавтид.

1 sultoni hamad 56121254566Субҳиддин Султон, писари Султони Ҳамад, рӯзи 5-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, китоб дар нашриёти "Эр Граф" ба табъ расид.

Ӯ афзуд: "Падарам навиштани китобро шуруъ карда буд, вале умр вафо накард, ки ба охир расонад. Пас аз маргаш маводи ҷамъовардаи ӯро дар бораи рӯзгор ва осори Аҳмад Зоҳир дар шакли китоб дастраси хонанда гардондем."

"Садои ишқ асту дилтангӣ" дар бораи Аҳмад Зоҳир ва шахсоне, ки осорашон бо ӯ робитаи зич доранд, маълумоти тоза медиҳад. Дар ин китоб, аз ҷумла, дар бораи овозхон Зулфиқори Азиз ва шоир Ҷамшеди Раҳимзод суҳбат шудааст.

Дар бахше дигар аз китоб мусоҳибаҳо бо Забеҳуллоҳи Амонёр - дӯст ва шогирди Аҳмад Зоҳир, Ҷӯрабек Муродов – ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, Ҷӯрабек Назрӣ – ҳунарманд ва донишманд ва шоира Меҳринисову дигаронро нашр кардаанд.

Ин китоби аввалини Султони Ҳамад дар бораи Аҳмад Зоҳир ва осораш нест. Ӯ дар гузашта китобҳои "Султони қалбҳо", "Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ" ва "Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб"-ро нашру паҳн карда буд.

"Озодӣ"

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854