09:57:13 04-уми Июни 2025 сол

ҶАШНИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК БОД, ҲАМДИЁРОНИ АЗИЗ!

23 сол қабл дар ҳамин рӯз дар Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ дар кишвар аз сӯи раҳбарони ду ҷониби гуфтушунидкунанда бо миёнҷигарии намояндаи вижаи СММ дар Тоҷикистон ба имзо расид.

vahdati-milli-2111020Дар арафаи аввалин солгарди ин рухдоди муҳими сарнавиштсоз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бузургдошти ин санаи таърихӣ бо як фармони худ ҷашни «Рӯзи ваҳдати миллӣ»-ро таъсис дод, ки он бояд ҳар сол дар рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳу оштӣ таҷлил шавад.

Нахустин таҷлил аз ин ҷашни умумимиллӣ рӯзи 27-уми июни соли 1998 дар Боғи марказии фарҳанг ва истироҳати пойтахти кишвар шаҳри Душанбе, ки имрӯз номи устод Рӯдакиро дорад, бо ҳузури роҳбарони ҳарду ҷониби сулҳкунанда баргузор гардид. Кишвар ва мардуми Тоҷикистон баъди панҷ соли ҷанги мудҳишу харобиовар аввалин самараҳои дарахти сулҳу оштиро бо ҳам мечашид.

Дӯстони азиз, биёед, бо ҳам дуъо кунем, ки Худованди азимушшаън аз сари ин миллати шариф газандҳои осмониву заминиро дур андохта, мардумро боз ҳам бештар баҳри обод кардани кишвар сарҷамъ бисозад, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар ин Ватан таҳким бубахшад ва мардуми Тоҷикистони азизро комёбу сарбаланд дар паноҳи раҳмату исматаш ҳамеша нигаҳбон бошад. Омин!

"Рӯзгор"

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854