09:59:14 04-уми Июни 2025 сол

Агентии назорати маводи нашъаовар дар маҳалли 104 пойтахт майдончаи варзишӣ сохт

Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сеюмин майдончаи варзишиву дилхӯшӣ барои кӯдаконро ба истифода дод. Майдончаи сеюм дар маҳаллаи 104 пойтахт бо ширкати муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси ноҳияи Сино Нусратулло Салимзода ва директори Агентӣ Шерхон Салимзода ифтитоҳ шуд.

ploshadka 45451245Майдончаи варзишӣ дорои ҷой барои бозию дилхӯшии кӯдакон, майдончаи тамрини бадан барои калонсолон, варзишгоҳи хурд барои футзал, волейбол, баскетбол ва майдони сайругашту тафреҳ барои сокинони маҳал мебошад. Дохил ва атрофи мавйдонча сабзкорӣ шуда ва дар он дарахтони сояафкану ороишӣ қомат афрохтаанд. Сабзаву гул ва дарахтони гуногун ба ҳусни майдонча ҳусни тоза зам кардаст.   

Майдонча бо харҷи 654 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, масоҳати он 3206,00 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Дар расми ифтитоҳи майдонча сокинони маҳал аз иқдоми Агентии назорати маводи нашъовар ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба аҳолӣ, махсусан ҷавонон, ки насли ояндасози мамлакат ба ҳисоб мераванд, изҳори сипос бамуданд.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854