10:00:49 04-уми Июни 2025 сол

Обу ҳавои ҷумъа, 16-уми август

Таҳлили омори гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар нишон медиҳад, ки рӯзи ҷумъа дар саросари кишвар ҳавои гарм дар назар дошта шудааст. Суръати вазиши бод ҳам тақрибан ба сони рӯзи 15-уми август аст. Танҳо дар баъзе минтақаҳо гармии аз 1 то 2 дараҷа афзоиш ёфтааст. Аз бодҳои суръаташон пуршиддат ҳам ҳарфе нест. Ба сурати умум, кишварро рӯзи ҷумъа, 16-уми август ҳавои гарм ва бебориш интизор аст.

obuhavo 122154Дар гузориши созмони ҳавошиносии кишвар гуфта мешавад, ки 16 август дар шаҳри Душанбе ҳаво камабр асту бебориш, вале чангу ғубор дорад. Ҳарорат шабона 15+17°, рӯзона 30+32° гарм мешавад. 

Дар навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ низ ҳавои бебориш дар назар дошта шудааст ва ҳарорат дар водиҳо шабона 14+19°, рӯзона 28+33° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10+15°, рӯзона 23+28° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳаво камабр асту бебориш, шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9м/c мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 30+32° гарм мешавад. 

Дар вилояти Суғд – ҳавои тағйирёбанда, бе боришоти назаррас (0-0,5мм). Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 15+20°, рӯзона 27+32° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8+13°, рӯзона 20+25° гарм мешавад. Дар навоҳии кӯҳии ин вилоят ҳаво шабона 7+12° ва рӯзона 20+25° гарм мешавад.

Ҳавои шаҳри Хоруғ тағйирёбандаву бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 15+17°, рӯзона 28+32° гарм мешавад.

Дар ноҳияи Мурғоб низ бориш намешавад, шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 6+8°, рӯзона 19+21° гарм мешавад. 

Дар ноҳияҳои дигар ВМКБ ҳавои тағйирёбандаву бебориш дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 12+17°, рӯзона 27+32° гарм, дар шарқи вилоят шабона 3+8°, рӯзона 16+21° гарм мешавад.

Дар шаҳри Бохтар ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст, чангу ғубор боқӣ мемонад.   Ҳарорати ҳаво шабона 17+19°, рӯзона 31+33° гарм мешавад. 

Дар шаҳри Кӯлоб ҳавои камабри бебориш, чангу ғубор боқӣ мемонад. Ҳарорати ҳаво шабона 16+18°, рӯзона 30+32° гарм мешавад. 

Дар дигар навоҳии вилояти Хатлон ҳаво камаб асту бебориш. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 16+21°, рӯзона 30+35° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12+17°, рӯзона 23+28° гарм мешавад.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854