22:56:23 09-уми Июли 2025 сол

Боз ду зоири тоҷик дар Маккаи мукаррама манзили абад ёфтанд

Хабаргузории “Авесто” ба нақл аз сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон хабар додааст, ки ду зоири 70-солаи тоҷик бар асари беморӣ дар аснои сафари ҳаҷ дар Маккаи мукаррама ҷон ба ҷонофарин таслим кардаанд. Ин ду нафар дар қабристон шаҳри Макка ба хок супурда шуданд.

zoiron 4545112Имсол низ чун солиёни гузашта садҳо тан аз шаҳрвандони кишвар ба нияти адои ҳаҷи фарзӣ озими Арабистни Саудӣ шуданд ва имрӯзҳо ба бозгашт ба Ватан омодагӣ мебинанд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Тоҷикистон, соли равон арзиши адои Ҳаҷ барои як нафар 35 ҳазору 128 сомониро ташкил дод.

Аз ин пештар матбуоти Қирғизистони ҳамсоя низ аз фавти се зоир аз ин кишвар дар аснои адои ҳаҷ хабар дода буданд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ