09:55:48 04-уми Июни 2025 сол

Вазорати корҳои дохилӣ беш аз 1700 кило мухаддиротро ба оташ кашид

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бештар аз 1700 кило маводи мухаддирро ба оташ кашидааст. Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорат субҳи имрӯз маросими ба оташ кашида шудани беш аз 1700 кило маводи мухаддир бо ширкати намояндагони додгоҳ, додситонӣ ва рӯзноманигорон доир шудааст.

mukhadirot 12124578Манбаъ хабар додааст, ки дар маҷмуъ 49 кило героин, 465 кило афюн, 346 кило ҳашиш, 850 кило бангдона ва дигар намуди моддаҳои нашъадор сӯзонида несту нобуд карда шуданд.

Ҳамчунин миқдори зиёди ҳабҳои нашъадори синтетикӣ низ аз роҳи сӯзонидан нобуд карда шудааст.

Бино ба навиштаи манбаъ солҳои охир кормандони милитсия муборизаро алайҳи роҳҳои муосири истифодаи воситаи нашъадор пурзур намуда, аз муомилоти ғайриқонунӣ ҳазорҳо дона ҳабҳои нашъадори синтетикӣ, ки истеъмоли он ба ҳаёту саломатии одамон таҳдид мекунад, дарёфт ва мусодира кардаанд.

Гуфта мешавад, ки мухаддироти ба оташкашидашуда далелҳои шайъии 159 парвандаи ҷиноие буданд, ки дар бораи нобудсозии онҳо ҳукми додгоҳ содир шудааст.

«Рӯзгор»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854