16:56:49 02-уми Июни 2025 сол

Даргузашти журналист Турко Дикаев шаби гузашта дар Кӯлоб

Се рӯзи охир ӯ аз дарди дил ранҷу азият кашида, бистарӣ будааст. Шаби гузашта ҳамкори мо, собиқ хабарнигори “Азия-Плюс”, журналисти маъруфи тоҷик Турко Дикаев дар синни 69-солагӣ аз олам даргузашт. Биноба гуфтаи наздикони марҳум, серӯзи охир ӯ аз дарди дил ранҷу азият кашида, бистарӣ будааст.

turko-dikaev 5412124554Муддати тӯлонӣ ӯ ба ҳайси хабарнигор дар нашрияҳои гуногуни минтақаи Кӯлоб, аз ҷумла дар "Азия-Плюс” низ фаъолият дошт. Баъди ба нафақа баромадан ба кори суратгирӣ ва журналистикаи озод машғул шуд.

Ба қавли ҳамкорони рӯзноманигор, саҳми Турко Дикаев дар тарбияи насли нави журналистони минтақаи Кӯлоб хеле арзанда буда, бисёре аз шогирдони ӯ имрӯз дар расонаҳои бузургу маъруфи ҷумҳурӣ кор мекунанд.

Ҳамкорон ва шогирдони Дикаев бахусус воқеъбинӣ ва поквиҷдонии журналистро қайд мекунанд.

Сари забони ӯ ҳамеша чунин гуфтаҳо давр мезад: “Журналист дӯст надорад ва ин андешаи шахсии ман нест. Ҳаёт водор месозад, ки бо ҳама фосилае доштан зарур аст. Вагарна ҳусни таваҷҷуҳ ба инъикоси ғайривоқеӣ оварда мерасонад”.

Соли 2015 Турко Дикаев аз ҷониби САҲА журналисти беҳтари сол дониста шуд. Чандин маротиба журналисти соли шаҳри Кӯлоб эътироф гардидааст.

“Вақте дар ҳама рӯйдодҳои бо ташаббуси ҳукумат ташкилшуда ё дар ҳаводиси гуногун ҳузур дорӣ, хоҳ нохоҳ дар бораи фаврият ва ҳама ҷо ҳозир будани журналист таассуроте ҳосил мешавад, - мегуфт ӯ. - Танҳо хабарнавис метавонад ҳатто бо “қаҳрамони интернет” - роҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров, ки барои ВАО дастнорас аст, осонакак вохӯрӣ барпо намояд”.

 Asia-Plus

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854