00:34:59 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • unable to open image `/home/u323935/ruzgor.tj/www/cache/preview/2c29f9a3df28985bb73927bbdb701efb.jpg': Disk quota exceeded @ error/blob.c/OpenBlob/2701

Ансамбли фолклории Помир эҳё шуд!

unable to open image `/home/u323935/ruzgor.tj/www/cache/preview/2c29f9a3df28985bb73927bbdb701efb.jpg': Disk quota exceeded @ error/blob.c/OpenBlob/2701

Дирӯз (22.10.2017) дар Театри давлатии опера ва балети ба номи устод Айнӣ нахустин консерти Ансамбли фолклории Помир таҳти раҳбарии овозхони маъруфи кишвар Соҳиба Давлатшоева баргузор гардид.

koncert-pomir-201755526Муҷрии барнома Муҳаммадҷон Шодиев, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон ба ёди мухлисони сершумори дар толорбуда овард, ки замоне бо ҳамин унвон таҳти раҳбарии Ғуломҳайдар Ғуломалиев, Ҳунарманди Мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ коллективе эҷодие фаъолият мекард, ки на танҳо дар дохили Тоҷикистони азиз, балки берун аз он ҳам маъруфу машҳур буд. Консерти имрӯза, гуфт муҷрӣ, аз эҳё шудани ҳамин ансамбли овозадор таҳти раҳбарии Соҳибабону дарак медиҳад.

Дар ҳақиқат, барномаи консертӣ хеле ҷолибу шавқовар буд. Алоқамандони мусиқии ноб таронаҳои сурудаи овозхонҳои ширинадо Соҳиба Давлатшоева ва Ҳақназар Ҳаловатшоевро, ки зинда мехонданд, бо чапакзаниҳои пурмавҷ истиқбол мекарданду ҳаловат мебурданд. Мутрибони чирадасти ансамбл дар навохтани оҳангҳо низ ҳар кадом маҳорати баланд нишон медод. Махсусан, навозиши рубобро дар иҷрои Хушбахт Ниёзов ва сеторро дар иҷрои Мухтор Муборакқадамов мухлисон хеле гарм пазироӣ карданд.

Эҳёи як ансамбли овозадори кишварро барои ҳаводорони мусиқии миллии Ватани азизамон муборакбод мегӯем ва барои ҳунармандони ин гуруҳ комёбиҳои беназири эҷодиро орзумандем.

{gallery width=100 height=100 crop=1 cols=4 counter=0 layout=flow alignment=left}gallery/pamir2017{/gallery}

«Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi