02:44:00 06-уми Июни 2025 сол

Маҳфили ёдбуди Махсум Олимӣ

 

Дирӯз, 05.10.2016, дар Кохи Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ба муносибати 60-солагии зодрӯз маҳфили ёдбуди шоири ширинкаломи тоҷик, шаҳиди ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон Махсум Олимӣ баргузор гардид.

jashn 001-2016

Журналист ва ровии хушбаён Абдуқодири Абдуқаҳҳор муҷрии ин барномаи хеле зебо ва рангин буд. Дар бораи осор ва рӯзгори шоир Юнус Юсуфӣ, муовини Раиси Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон, Кароматуллоҳ Мирзоев, Нависандаи Халқии Тоҷикистон, Шаҳриёри Олимӣ, фарзанди шоири марҳум, Абдуғаффори Абдуҷаббор, раиси Дастгоҳи иҷроияи Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ, Қурбон Восеъ олим ва ходими давлатӣ ва дигарон қиссаву нуктаҳои ҷолиберо ироа карданд. Ровиёни хушзабони шеъри ноб аз осори шоири ормонӣ шеърҳои ҷаззоб хонданд.

Хосияти Зарафшонӣ, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон ва шогирдонаш бо суруду таронаҳои ноби хеш, ки асосан бар матни ашъори Махсум Олимӣ эҷод шуда буданд, ба ҳусни ин маҳфил ҳусни тоза зам карданд.

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854