11:24:31 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Иштироки Пешвои миллат дар ифтитоҳи бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара

Дар рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри бостонии Исфара боздид ба амал овард.

000010.jpgДар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар вазъияти тантанавӣ бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти бинои маъмурии Прокуратураи шаҳри Исфара оғози расмӣ бахшид.

Зимни шиносоӣ бо шароити бино ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони ин иншоот дар доираи лоиҳаи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Исфара барои солҳои 2013-2017» амалӣ гардид.

Бинои маъмурии прокуратураи шаҳри Исфара дар масоҳати умумии 240 метри мураббаъ сохта шуда, аз 3 ошёна иборат мебошад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот 3,4 миллион сомонӣ сарф карда шудааст.

Аз ин маблағ 62 ҳазору 200 сомонӣ аз буҷаи маҳаллии шаҳри Исфара ҷудо гардидааст.

Корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Созанда” бо сифати ҷавобгӯ ба меъёрҳои сохтмонӣ иҷро кардааст.

Бинои мазкур аз таҳхона, 11 ҳуҷраи кории бо тамоми лавозимот муҷаҳҳаз иборат мебошад. Иншоот ҳамзамон ба шабакаи марказии гармидиҳӣ пайваст карда шудааст.

Атрофи бино бо дарахтони мевадиҳанда, гулу гулбуттаҳо ва бо таҷҳизоти гуногуни равшанидиҳӣ ороиш дода шудааст. Ин бинои зебо ба шаҳри Исфара ҳусни дигар зам мекунанд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ин бинои муосирро ба кормандон муборакбод гуфта, онҳоро ба иҷрои садоқатмандонаи вазифаҳояшон ва таъмини волоияти қонун ҳидоят кард.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi