07:49:11 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Шиносоии Пешвои миллат бо корҳои бунёди 100 гектар боғи сиёҳолуи содиротӣ…

Дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сад гектар боғи сиёҳолу оғоз бахшид. Сарвари давлат бо кушодани қубури обгузар заминҳои ташналабро шодоб гардонида, якҷоя бо хоҷагидорону боғпарварон ниҳол шинонд.

00004.jpgТавре ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар замини аз ҳисоби беобӣ бекорхобидаи ҷамоат, ки тӯли солҳо ҳамчун чарогоҳ истифода мешуд, соҳибкорон дар масоҳати 120 гектар боғ бунёд кардаанд. Дар ин ҷо 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст. Мақсад аст, ки боз дар майдони 600 гектар боғи сиёҳолу шинонида шавад ва ин имкон медиҳад, ки боз ҷойҳои иловагии корӣ ташкил гардад.

Дар 100 гектар 9 намуд ниҳолҳои сиёҳолу, дар масоҳати 20 гектари дигар навъҳои гуногуни шафтолу шинонида шудааст. Соҳибкорон Нодирҷон Қодиров ва Хуршед Шодиев барои обёрии 600 гектар замин аз дурии 13 километр тавассути қубурҳо об овардаанд.

Ба ҳолати то якуми марти соли ҷорӣ хоҷагидорон дар масоҳати 100 гектар боғи Сиёҳолуи «Тобистон», «Испалинӣ», «Султонӣ», «Комета», «Самарқандии барвақтӣ» ва «Японӣ» бунёд кардаанд. Дар масоҳати 20 гектар шафтолуи навъҳои «Лола», «Фарҳод», «Чилагӣ» ва «Элберта» шинонида шудааст.

Дар оянда тибқи нақша дар ҳамин ҷо як корхона бо 200 ҷойи корӣ барои коркарди мева бунёд карда мешавад.

Сиёҳолу дар бозори ҷаҳонӣ серхаридор буда, асосан ба Русия, Қирғизистон ва Аврупо содир карда мешаванд. Барои самаранок истифода бурдани замин ва даромади иловагӣ аҳли заҳмати хоҷагиҳо миёни қаторҳои ниҳолҳо пиёзи тирамоҳӣ кишт кардаанд. Сиёҳолу баъд аз се сол ба ҳосил даромада, дар соли аввал то 12 килограм аз ҳар як ниҳол ҳосил медиҳад.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати бунёди боғҳои нав ва дар амал татбиқ кардани барномаи давлатии рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016-2020 ба сокинони ноҳия дастуру тавсияҳои муфид дод.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi