06:08:06 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Мақомоти марзбонӣ: Амалиёт алайҳи гурӯҳи террористӣ идома дорад

Амалиёти неруҳои марзбонии Тоҷикистон барои поксозии манотиқи марзии ин кишвар бо Афғонистон аз аъзои гурӯҳи террористӣҳамчунон идома доштааст.

marzi-tojikiston-56895445.jpgБино ба иттилои Раёсати марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, субҳи душанбеи 7 март дар чанд ҷазираи кучак дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон амалиёт алайҳи гурӯҳи террористӣ идома ёфтааст.

Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати марзбонӣ рӯзи душанбеи 7 март ба мо гуфт, "Амалиёт алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи афғон, ки субҳи 5 март аз марзи Тоҷикистон убур карда буд, субҳи имрӯз идома дорад. Сарҳадбонони тоҷик ҷангалзорҳои ҷазираҳои хурдро дар дарёи Панҷ поксозӣ мекунанд. То ҳол аз ин гурӯҳи террорист як нафар бо номи Фасҳиддин валади Қурбон нобуд шуда, ду ё се нафари дигари аъзои гурӯҳ дастгир шудаанд".

Ҳамзамон, ҷаноби Улуғхоҷаев, сару садоҳо дар бораи кушта шудани 4 сарҳадбони дигар дар даргириҳо бо ин гурӯҳро рад кард. Ба гуфтаи ӯ, дар асари ин даргирӣ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии “Панҷ”, як прапоршики тоҷик бо исми Сӯҳроб Сафолов кушта шудааст.

Субҳи рӯзи 5-уми март дар ҳудуди дидбонгоҳи марзии "Панҷ" миёни марзбонони тоҷик ва гурӯҳи 9-нафараи мусаллаҳ, ки аз тарафи Афғонистон марзро убур кардаанд, даргирӣ сурат гирифт.

Дар иттилоияи Сарраёсати марзбонӣ гуфта мешавад, ки "соати 09:30 дақиқаи рӯзи 5-уми марти соли равон, ҳангоми таъмини реҷаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи марзбонон ва афсарони КДАМ ҶТ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷ» гурӯҳи 9 нафараи сартопо мусаллаҳи террористон таҳти роҳбарии шаҳрванди ҶИА Мирафзал валади Арбоб Шерафзал зимни убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ошкор гардид. Ҳангоми амалиёт оид ба безарар гардонидани гурӯҳи мазкур, аъзои даста мулло Фасҳиддин валади Қурбон ба ҳалокат расида, як нафари дигар аз ҳамин гурӯҳи қочоқчӣ захмдор шуд". Манбаъ мегӯяд, ки "дар ҳолиҳозир амалиёт барои дастгирӣ ва безарар гардонидани ин гурӯҳи идома дорад."

Дар ҳамин ҳол, Амонуддин Қурайшӣ, вулусвол ё раиси ноҳияи Имом Cоҳиби Кундуз 6-уми март дар сӯҳбат ба мо гуфт, ин гурӯҳ марбут ба Толибон аст ва Мирафзал валади Арбоб, ки мақомоти тоҷик аз ӯ ба унвони раҳбари гурӯҳи мусаллаҳи 9-нафара ном бурданд, аз қочоқбарони собиқ аст, ки ба ин гурӯҳ пайвастааст.

ҶанобиҚурайшӣ гуфт, марзи Имом Соҳиб бо Тоҷикистон комилан таҳти назорати Толибон қарор дорад ва амалан сарҳад дар ихтиёри ин гурӯҳ аст.

Тоҷикистон бо Афғонистон наздики 1,5 ҳазор километр хати марз дорад. Бархе аз вулусволиҳои Афғонистон, ки дар хати марз бо Тоҷикистон қарор доранд, таҳти идораи гурӯҳҳои тундгаро даромадааст. Мақомоти Тоҷикистон изҳор медоранд, ки вазъиятро аз наздик дунбол мекунанд ва ҳамеша барои посух гуфтан ба марзшикании гурӯҳҳои ифротӣ, омода ҳастанд.

«Озодӣ»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi