10:53:32 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Амрико истифодаи яроқи кимиёиро аз ҷониби ҷангиёни ДИ тасдиқ кард

Директори Хадамоти марказии иктишофии Амрико (СРУ) Ҷон Бреннан иттилоъ дод, ки бино ба маълумоти иктишофии Амрико ҷангиёни «Давлати исломӣ» барои истеҳсоли яроқи кимиёӣ имкон доранд ва онро аллакай дар Сурия ва Ироқ истифода кардаанд. Дар ин бора “Интерфакс» иттилоъ медиҳад.

TSRU-3265121245.jpg«Мо чанд мисол дорем, ки ДИ чи гуна яроқи кимиёиро дар майдони ҷанг истифода кардааст»,- гуфт Ҷон Бреннан. Ба гуфтаи ӯ, «иттилое мавҷуд аст, ки ДИ ба истеҳсоли яроқи кимиёӣ ва лавозимоти ҷангӣ, ки онро метавонанд истифода баранд, дастрасӣ дорад».

Ҷ. Бреннан ҳушдор дод, ки ДИ метавонад ба содироти яроқи кимиёӣ ба Ғарб барои дарёфти воситаҳои молӣ талош кунад.

Бино ба маълумоти Хадамоти марказии иктишофии Амрико, ҷангиёни ДИ метавонанд миқдори ками моддаҳои заҳролудкунандаро, ба монанди хлор ва иприт, ки дар лавозимоти ҷангии кимиёвӣ истифода мешаванд, истеҳсол кунанд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi