05:07:59 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2014 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Ваколати Ватанзода пеш аз муҳлат қатъ гардид

Ваколати вакили палатаи поёнии Парлумони кишвар Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 3 феврал пеш аз муҳлат қатъ гардида, ҳамзамон аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон бароварда шуд.

2_majlisi-namoyandagon_4454.jpgИнчунин Ватанзода аз вазифаи раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон озод карда шуда, аз ҳайати Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуд. Бояд тазаккур дод, ки 27 январ бо Фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни тағйироти кадрӣ дар ҳайати Ҳукумати мамлакат Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Дар ҷараёни ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми палатаи поёнии Парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров - раиси Маҷлиси намояндагон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадуллоро барои саҳми фаъолаш дар рушди парламентаризми тоҷик бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонид.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi