13:22:16 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар кишвар иҷро нашуд, сабаб чист?

Роҳбарияти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ аз иҷро нагардидани нақшаи пардохтҳои гумрукӣ дар мамлакат 25 январ ба хабарнигорон иттилоъ дод. Зикр гардид, ки Хадамоти гумруки кишвар дар соли сипаригардидаи 2015 ба Буҷети давлатӣ3 миллиарду 617,2 миллион сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ворид намуд, ки ин нисбат ба нақшаи пешбинишуда, 483,4 миллион сомонӣ кам буда, ба 88,2 % нақша баробар аст.

Gumruk-222224545.jpg

Ҳол он ки нақшаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ аз ҳисоби воридоти молу воситаҳои нақлиёт дар соли 2015-ум 4 миллиарду 1 00,6 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Инчунин иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ бе назардошти 50 фоизи маблағи хароҷоти гумрукӣ, ки барои нигоҳдории хадамот равона мегардад, 3 миллиарду 592,5 миллион сомонӣ ё 87,6 фоизи нақшаро ташкил дода, нисбат ба нақша 508,2 миллион сомонӣ кам мебошад.

Абдуфаттоҳи Ғоиб -сардори Хадамоти гумруки кишвар 25 январ зимни нишасти матбуотӣ иҷро нашудани нақшаи пардохтҳои гумрукиро дар коҳиши воридоти мол ва воситаҳои нақлиёт, ки ба шиддат ёфтани бӯҳрони молиявӣ ва муташанниҷ гардидани авзои сиёсӣ дар кишвари ҳамҷавор -Афғонистон ва дигар омилҳо иртибот дорад, арзёбӣ намуд.

Сардори Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ афзуд, ки дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 ба сарҳади гумрукии кишвар воридоти 10345 қатора ва 10152 мошин коҳиш ёфтааст. Абдуфаттоҳи Ғоиб афзуд, ки тибқи омори гумрукӣ дар соли сипаригардидаи 2015 нисбат ба соли 2014 воридоти молу воситаҳои нақлиёт аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон 863 миллион доллари амрикоӣ камтар сурат гирифтааст. Ва ба ҳисоби миёна пардохтҳои гумрукии он ба 1160,5 миллион сомонӣ ё 28,3 фоизи нақша баробар аст.

АМИТ «Ховар»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi