19:29:12 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Барои хариду фуруш бо асъори хориҷӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷорӣ мегардад

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба роҳҳои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани қурби пули миллӣ машварати корӣ доир намуд.

2016-01-22mashvarat.jpg

Машварат бо иштироки Сарвазир, муовини аввали сарвазир, раиси Бонки Миллии Тоҷикистон, роҳбарони вазорату идораҳои бахши иқтисоду молия, мақомоти андоз, гумрук, назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Палати ҳисоб ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқҷараён гирифт.

Чунонки зикр гардид, коҳишёбии қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар бозори қарзию молиявӣ ва асъории Тоҷикистон, асосан ба таври сунъӣ аз ҷониби доираҳои алоҳидаи манфиатдор, роҳандозӣ мешавад.

Бо ишора ба таҷрибаи давлатҳои мутараққии ҷаҳон таъкид гардид, ки мубодилаи асъор бояд танҳо дар сарбонкҳо,  филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкҳо сурат бигирад, то ин ки ба ҳар гуна қаллобию ҳаннотӣ аз ҷониби доираҳои манфиатдори бехабар аз манофеи миллию давлатӣ роҳ дода нашавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт: “Тамоми корҳои вобаста ба сиёсати пулию қарзию асъорӣ ва тартиби амали он дар ҳамаи муассисаҳои ин соҳа, новобаста аз шакли моликият, бояд ба таври шаффофу назоратшаванда ба роҳ монда шавад ва мафҳумҳои “қурби давлатӣ” ва “қурби бозор” аз байн бурда шавад. “Қурб бояд як то бошад ва он на дар кӯча, балки аз ҷониби Бонки Миллии Тоҷикистон муайян ва танзим карда шавад”, - бо сароҳат таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Гузашта аз ин, таъкид гардид, ки тамоми амалиёти хариду фурӯш дар қаламрави ҷумҳурӣ бояд танҳо бо пули миллӣ ба роҳ монда шавад. Супориш дода шуд, ки барои аз миён бурдани монеаҳои сунъии доираҳои манфиатдор нуқтаҳои бонкии мубодилаи расмии асъор зиёд карда шавад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур дод,  ки дар кӯтоҳтарин муҳлат барои ба қонунгузории амалкунандаи низоми бонкӣ доир ба танзими асъор ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани он тағйиру иловаҳо таҳия ва пешниҳод намоянд.

Тибқи дастури Сарвари давлат дар таҳрири нави Кодекси ҷиноятӣ ва дигар санадҳои дахлдори қонунгузорӣ бояд ҷавобгарӣ, аз ҷумла ҷавобгарии ҷиноятӣ, барои ба хориҷи кишвар баровардани ҳаҷми зиёди асъори байналмилалӣ ва барои хариду фурӯш бо асъори хориҷӣ дар қаламрави мамлакат пешбинӣ шавад.

Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дастур дода шуд, ки риояи талаботи қонунгузории кишварро дар ин самти, дар шароити имрӯза, басо муҳим таҳти назорати доимӣқарор диҳанд.

Супоришҳои мушаххас ҳамчунин доир ба таъмини фаровонию арзонӣ дар бозори истеъмолӣ ва коҳиш додани таъсири манфии омилҳои гуногуни беруна ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар дода шуд.

http://president.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi