18:44:45 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дастгир гардидани се сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо гумони ғоратгарӣ

Шаби 20-ум ба 21-уми декабри соли 2015, тахминан соати 23:20-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ширкати ҶДММ “ОЗУМ”, воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ шуда, бо роҳи зӯроварӣ ва таҳдиди куштор дасту пойи посбон, марди 71-солаи сокини шаҳри Душанберо баста, қулфи дари ҷевони оҳанинро шикаста, аз дохилаш 10370-доллари амрикоиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия се сокини ноҳияи Рӯдакӣ: марди 25-сола, марди 24-сола ва марди 31-сола, ки охирин, пеш бо моддаҳои 249 ва 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумонбарӣ дар содир намудани ҷинояти мазкур дастгир намуданд. Нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

АМИТ “Ховар”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi