05:59:25 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Қаззофӣ Британияи Кабирро аз хатари омадани ҷангиён огоҳ карда буд…

Пешвои марҳуми Либиё Муаммар Қаззофӣҳанӯз соли 2011 сарвазири онвақтаи Британияи Кабир Тони Блэрро огоҳ карда будааст, ки дар сурати бартараф кардани роҳбари Ҷамоҳирия ба ҷойи ӯ террористон меоянд ва баъдан ба Аврупо ҳаракат мекунанд.

qaddafi-545444545.jpgДар ин бора рӯзи панҷшанбе «The Guardian» бо истинод ба ҳуҷҷатҳои интишоркардаи Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир хабар медиҳад. Аз рамзкушоии гуфтугӯи телефонии Блэр ва Қаззофӣ бармеояд, ки сарвазири Британия аз пешвои Либиё хоҳиши тарки вазифа карданро кардааст.

Қаззофӣ дар посух огоҳ мекунад, ки рафтани ӯ ба Либиё ҳеҷ манфиате намеорад. «Онҳо (ҷиҳодиён) мехоҳанд, ки тамоми баҳри Миёназаминро таҳти назорат гиранд ва баъдан ба Аврупо ҳамла кунанд. Мардуми Либиё ҳалок мегарданд, кишварҳои баҳри Миёназамин, Аврупо ва тамоми дунё осеб хоҳанд дид. Ин гурӯҳҳои мусаллаҳҳолати ба миён омадаро ҳамчун сафедкунии амали худ истифода мебаранд», — гуфтааст Қаззофӣ.

Дар суҳбати телефонии дигар бо Блэр, Қаззофӣ изҳор кардааст, ки неруҳои ҳукуматӣ ба исёнгарон ҳамла намеоранд, балки онҳо танҳо ба амалиёти ҳарбии ҷангиён ҷавоб медиҳанд.

«Ҳамааш фаҳмо: террористон дар шимоли Африқо «гурӯҳҳои хурди хуфта» доранд. Мо бо Ал-Қоида рӯ ба рӯ астем… «Гурӯҳҳои хурди хуфта»-и Либиё ба гурӯҳҳои хурди ИМА, ки дар арафаи 9 сентябр амал карда буданд, монанданд», -зикр кардааст пешвои Либиё.

Ӯ ба сарвазири Бритониё пешниҳод кардааст, ки ба Триполи ояд ва бубинад, ки низоми ӯ сарчашмаи зӯроварӣ дар ин кишвар нест. Хабар дода мешавад, ки Қаззофӣҳатто гӯшаки телефонро ба назди оинаи нилгун наздик бурдааст, ки дар он гузориш аз кӯчаҳои Либиё мерафт ва дастгириҳои мардум аз пешвои кишварашон шунида мешуд.

Худи Блэр изҳор кардааст, ки дар сурати аз сари қудрат ихтиёран рафтани Қаззофӣ, ӯ метавонад кафолати амнияташро таъмин кунад.

Қаззофӣ моҳи окябри соли 2011 пас аз амалиёти низомии кишварҳои Ғарб, ки Британияи Кабир низ дар он иштирок дошт, сарнагун ва кушта шуд. Баъд аз ин кишвар ба бесарусомонӣ рӯ ба рӯ гашта, дар он дуҳокимиятӣҷорӣ гардид. Як ҷонибро парлумон, ҷониби дигарро конгресси умумимиллии исломӣ намояндагӣ мекунад. Дар баробари ин минтақаҳои миқёсан калон таҳти назорати террористон, аз ҷумла ҷангиёни «Давлати Исломӣ» гузаштанд.

Раиси Кумитаи парлумон оид ба сиёсати хориҷӣ Криспин Блант изҳор кард, ки кумита дар робита ба он, ки оё аз ҷониби девони вазирони Бритониё, ки пешгӯиҳои Қаззофиро рад карда буд, қоидавайронкунӣ шудааст, тафтишот мегузаронад.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi