03:01:15 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Кумитаи дин: 228 шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои исломӣ таҳсили ғайрирасмӣ доранд

«Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути кормандони шуъба ва бахшҳо оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маълумотро оид ба теъдоди шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар ба таври ғайрирасмӣ таҳсил менамоянд, дастрас намуд»,-зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ имрӯз муовини аввали раиси кумитаи мазкур Ҷумъахон Ғиёсов.

Kumitai-dinМаълум гардид, ки 3233 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар муассисаҳои таълими динии хориҷ аз кишвар таҳсил менамудаанд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ то дастур 1947 нафар ва баъди дастур 1059 донишҷӯ баргаштанд. Дар маҷмӯъ 3006 донишҷӯ ба Ватан баргардонида шуданд. Аз ин теъдод, 57 нафарашон дубора ба ҷои таҳсили пешинаашон баргаштанд. Вале новобаста аз кӯшишҳои кумита, ҳанӯз ҳам шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо роҳҳои гуногун ба хориҷа барои гирифтани таълими динӣ мераванд.

Ҳоло тибқи ҳисоботи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 228 шаҳрванди Тоҷикистон дар кишварҳои исломӣ машғули таҳсилоти ғайрирасмии динианд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi