05:25:17 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҷ. Ғиёсов: 662 миллиону 416 ҳазору 339 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст

«Мутобиқи маълумоти пешниҳоднамудаи комиссияҳои доимии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар ин давра дар миқёси ҷумҳурӣ 137 ҳазору 135 маърака барпо гашт. Хароҷоти маъракаҳо дар ин давра 537 миллиону 514 ҳазору 911 сомониро ташкил дод.

j.ghiyosov-din_56565665.jpgАгар нишондиҳандаҳоро то давраи қабули қонун муқоиса намоем, мувофиқи ҳисоботи оморӣ он вақт барои баргузории маърака ба ҳисоби миёна 8750 сомонӣ рост меомад, ки барои баргузории 137 ҳазору 135 маърака 1 миллиарду 199 миллиону 931 ҳазору 250 сомонӣ маблағ лозим меомад.

Танҳо бо ҳисоби камтарин дар баргузории маъракаҳои хатна, тӯйи домодию арӯсӣ, чил ва сол дар ин давра 662 миллиону 416 ҳазору 339 сомонӣ ба манфиати мардум сарфа гардидааст»,-изҳор дошт Ҷумъахон Ғиёсов, муовини аввали раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 12 январ зимни нишасти матбуотии ин ниҳод.

Ҳамчунин ӯ афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба кумита аз мақомоти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ 4403 ҳуҷҷат ворид гардидааст. Дар ин давра ба 1629 ҳуҷҷат ҷавоби расмӣ ирсол гардида, 2602 ҳуҷҷат барои маълумот ва корбарӣ истифода шудааст ва 172 ҳуҷҷати дигар дар истеҳсолот мебошад.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi