08:44:59 02-уми Июли 2025 сол

Таъсиси магистратура аз рӯйи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ

«Соли 2015 бори аввал дар кишвар магистратура аз рӯйи ихтисоси «Амнияти иттилоотӣ» таъсис дода шуд, ки дар он 26 довталаб қабул гардиданд.

abduholikzoda-lutfiya-12455Ҳамзамон дар соли сипаригардида дар Донишкадаи маълумоти дуюм аз рӯйи ихтисоси «Идоракунии давлатӣ» ва «Идоракунии ҳайат» ба роҳ монда шуд, ки 48 нафар довталаб дар асоси озмун қабул гардида, рӯзи 5 январи соли равон таҳсили онҳо оғоз гардид»,-гуфт ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ Абдулхолиқзода Лутфия имрӯз зимни нишасти матбуотӣ

Инчунин Абдулхолиқзода Лутфия зикр намуд, ки сохтмони бинои нави 12 ошёнаи донишкада, ки аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ба нақша гирифта шудааст, идома дошта, дар назар аст, ки дар таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ҶТ ба истифода дода шавад.

АМИТ «Ховар»

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ