06:12:35 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо Муҳаммад Алӣ, Президенти Бонки исломии рушд

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки исломии рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқоти судбахш анҷом дод. Аз ҳамкории бисёрсола ва босамари Тоҷикистону Бонки исломии рушд ҳарду ҷониб изҳориқаноат карданд.

Muhammad_Ali.jpgЧунонки ёдоварӣ шуд, аз ҷониби ин бонк ба маблағи наздики 325 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон  қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона шудаанд.

Ҳоло маблағи умумии лоиҳаҳои фаъол, ки бахшҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва тандурустию маорифро фаро мегиранд, зиёда аз 190 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ба иқдоми Бонки исломии рушд доир ба ҷудо намудани 70 млн. доллари амрикоӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 баҳои баланд дода шуд.

Барои иштирок дар маблағгузории навсозии қитъаи Шоҳон-Зиғари роҳи мошингарди Кӯлоб-Қалъаи Хумб ва дигар лоиҳаҳои басо муҳим низ арзи сипос карда шуд.

Дар посух ба ниёзмандиҳои Тоҷикистон Аҳмад Муҳаммад Алӣ изҳор дошт, ки дар наздиктарин фурсатҳо гурӯҳи кории Бонки исломии рушдро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки бо оқибатҳои заминларзаи шадид дар Бадахшон ва дигар офатҳои табиӣ ва ҳамчунин бо лоиҳаи навсозии қитъаҳои Кӯлоб-Шӯрообод ва Шкев- Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб-Дарвоз аз наздик шинос шуда, барои расондани кумакҳои фаврӣ ва маблағгузории навсозии роҳи мазкур тадбирҳо андешида шаванд.

Зимни гуфтугӯйи судманд ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории гуногунҷанба ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

АМИТ “Ховар”

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi