18:40:00 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Бар асари силсилаи амалиёти террористӣ дар шимолу шарқи Сурия даҳҳо нафар ҳалок гардиданд

Бар асари се таркиш дар шаҳри Ал — Қамишлии Сурия камаш 13 нафар ҳалок гардида, даҳҳо нафари дигар захм бардоштанд. Дар ин бора манбаи «Сутору» — и ихтиёриёни осурӣ ба РИА Новости хабар дод.

daish-syria-4541242.jpg«Бомбаҳо дар тарабхонаҳои «Майами» ва «Габриэл» таркиданд. Мо аз тарабхонаи якум на камтар аз даҳҷасад ва 18 нафари захмишударо берун баровардем. Ҳанӯз намедонем, ки дар тарабхонаи дуюм чӣ рӯй додааст, вале осебдидагон даҳҳо нафарро ташкил медиҳанд», — нақл кард мусоҳиби агентӣ.

Дере нагузашта дар маркази маҳаллаи осуриҳо таркиши сеюм рух дод. «Боз дар як тарабхона таркиш ба амал омада, ихтиёриёни мо ва ҳарбиёни Сурия ба он ҷо равон шуданд», — гуфт мушоҳид.

Тавре ки шабакаи телевизионии «Ал — Маёдин» хабар медиҳад, сапёрҳои артиши Сурия дар наздики маҳалли амалиёти террористӣ боз як асбоби таркандаро пайдо намуданд. Мутахассисон барои безарар гардонидани минаҳо кор мекунанд. Мувофиқи баъзе маълумот, дар тарабхонаҳо шахсони худкуш худро таркониданд.

Шаҳри АлҚамишли дар сарҳад бо Туркия воқеъ буда, дар он курдҳо, осуриҳо ва арабу арманиҳо сукунат доранд.

АМИТ «Ховар» 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi