Соли нав фархундаву муборак бод!
Дӯстони гиромӣ, баъд чанд лаҳза мо бо соли 2015 падруд гуфта вориди соли нави 2016 мешавем. Соли 2015 дар ҳаёти ҳар яки мову ҷомеаи мо бурдҳову бохтҳое доштааст. Бале, ҳар он чи буд дар соли 2015, аз мо буд ва бо хости Худо буд. Даст ба дуъо мебардорем, ки Худованди бузург дар Соли нав мову Шумо ва дигар бандаҳои худро дар курраи арз қабл аз ҳама аз балоҳои заминиву осмонӣ дар паноҳи исматаш нигаҳбон бошад.
Ҳамаи инсонҳоро ба орзуҳои некашон бирасонад. Парвардигор дастгири онҳое бошад, ки дар сар андешаву дар дил нияти барои инсонҳову башарият неку пок доранд. Тани онҳоро сиҳату кори онҳоро бобарор кунад. Худованди бузург онҳоеро, ки даст ба амалҳое мезананд, ки рӯзгори инсонҳоро ноамну бесубот месозанд, кору борашон самараи барои мардум талх ба бор меоранд, дилҳои накукоронро мешикананд, қишрҳои мухталифи ҷомеъа, халқҳову миллатҳо, тамаддунҳову кишварҳоро дар муқобили ҳам ҳамчун душманон қарор медиҳанд, ноком созад.
Худоё, Ту қодиру тавоноӣ. Тамоми ин орзуҳову хостаҳои неки моро баровардаи хайр бигардон! Омин ё Раббалъоламин!
Дӯстони азиз, Соли нав барои ҳамаи мову Шумо фархундаву муборак бод!
Ҳайати таҳририяи «Рӯзгор»