13:19:24 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

КОНФЕРЕНСИЯ БАХШИДА БА ҶАШНИ ТУҒРАЛ

10-уми ноябри соли равон дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмии байналмилалӣ таҳти унвони «Ҷойгоҳи Туғрали Аҳрорӣ дар адабиёти тоҷик» бахшида ба 150-солагии шоири маъруф Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ баргузор шуд. Дар кори конференсия донишмандон ва муҳаққиқони ашъори Туғрал аз Тоҷикистон ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.

1_tughral_547845.jpg

Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия президенти  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, доктор Иброҳим Худоёр - Раиси Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноиби президенти АИ ҶТ, академик Кароматулло Олимов, доктори илмҳои филологӣ, директори Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Сахидод Раҳматуллозода ва номзади илмҳои филологӣ Саидумар Султонов  бо гузоришҳои  илмӣ баромад намуданд.

2_tughral_547845.jpg

Сипас кори конференсия дар се бахш: «Ҷойгоҳи Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар таърихи адабиёти тоҷик», «Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва афкори фалсафӣ ва иҷтимоии замони ӯ» ва «Забон ва услуби ашъори Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ» идома ёфта муҳаққиқон ва олимони шинохта ҳаёт ва фаъолияти шоири маъруф Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ арзёбӣ намуданд.

3_tughral_547845.jpg

Дар анҷоми баёния иштирокчиёни кори конфренсия зикр гардид, ки дар он идома додани таҳққиқоти ашъори Нақибхони Туғрал қабул карда шуд. Накибхон Туғрали Аҳрорӣ шоири маъруф ва барҷастаи охири асри 19 ва ибтидои асри 20 низ ба шумор меравад.

Шервони УМРИДДИН, рӯзноманигори хадамоти матбуотии АИ ҶТ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi