00:13:02 06-уми Июни 2025 сол

Сокинони Оқ-Сой роҳи мошингарди Ворух-Исфараро боз карданд

Сокинони деҳаи наздимарзии Оқ-Сойи Қирғизистон роҳи мошингарди транзитии байни Ворух ва қаламрави аслии Тоҷикистонро боз карданд. Дар ин бора сардори раёсати корҳои дохилии ноҳияи Ботканди Қирғизистон Болотбек Кундузов хабар дод.

vorukh-8944554.jpgБа гуфтаи вай, кормандони ниҳодҳои қудратӣ ба маҳалли ҳодиса омада, миёни сокинон корҳои таблиғотӣ анҷом доданд ва баъд аз он гирдиҳамомадагон пароканда шуданд.

Қаблан сокинони маҳаллӣ хабар дода буданд, ки имрӯз шаҳрвандони Тоҷикистон роҳсозони қирғизро иҷозаи гузар ба Тамдиқ надоданд ва дар посух қирғизҳо роҳро бастанд.

Дар сарҳади миёни Қирғизистон ва Тоҷикистон даҳҳо қитъаи баҳсталабе ҳастанд, ки пайваста мавриди ихтилофҳо қарор гирифта, боиси даргириҳои марзӣ мешаванд.

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854